Ҳалимҷон Ҷӯраев

Халим Чураев Ҷӯраев Ҳалимҷон Саидович 29-уми октябри соли 1989 дар ҷамоати деҳоти Пунуки ноҳияи Ашт, дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Таҳсили ибтидоиро дар МТМУ №18-и ин ҷамоат адо намуда соли 2007 ба шӯъбаи «Журналистика ва назарияи тарҷумаи» ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров дохиш шудааст. Соли 2012 ин донишгоҳро бо ихтисоси журналист, омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик хатм кардааст. Аз соли 2010 дар ШТР СМ-1 ба ҳайси хабарнигор ва ровии барномаи иттилоотии «Хабар» фаъолият мебарад. Дар таҳияву омода намудани барномаи «Шарҳи як байт», «Мусоҳиба бо муҳоҷир» саҳмгузор аст. Иштирокчии семинару дарсҳои омӯзиши оид ба пешбурди кори журналистӣ дар Тоҷикистон ва кишвари Молдова мебошад. Дар семинарҳои Ассотсиатсияи миллии васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ), намояндагии «Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ» (IWPR), ТҶ «Хома», Иттиҳоди ҷамъиятии шаҳрвандӣ «Шаффофият барои рушд» ва лоиҳаи мултимедиявии сомонаи «Оpen Asia» иштирок намуда гузоришҳои иттилоотӣ-таҳлилии худро пешниҳод кардааст. Моҳи феврали соли 2015 дар озмуни ТҶ «Хома», ки байни журналистони телевизионҳои давлативу хусусии Тоҷикистон доир гардида буд бо пешниҳоди гузориши иттилоотӣ-таҳлилӣ ғолиб омада ба кишвари Молдова сафар кардааст. Дар телевизиони «TV7»-и шаҳри Кишинёви Молдова табодули таҷриба намудааст. Ғолиби озмуни Ҷумҳуриявии «Муаммои обтаъминкунӣ дар Тоҷикистон» мебошад. Аз моҳи январи соли 2016 мудири шӯъбаи иттилоотии «Хабар» аст. Дар омода намудани маводҳои мултимедиявӣ таҷрибаи хубро доро мебошад. Дар як вақт ҳамарӯза ба сомонаи телевизион матни гузоришҳои «Хабар»-ро дар шакли чандрасонаиву хабарӣ пешниҳод мекунад. Оиладор соҳиби як фарзанд.