Кишвари асосии қабулкунандаи муҳоҷири меҳнатӣ барои мо Федератсияи Россия мебошад. Будубош солҳои охир дар ин кишвар барои муҳоҷирони меҳнатӣ торафт мушкилтар шуда истодааст. Талаботҳои нав барои муҳоҷирон ва баланд бардоштани арзиши патент ва дигар хизматрасониҳои ин соҳа муҳоҷирони моро маҷбур сохт, ки самти ҷустуҷуи кишвари кордиҳандаро иваз намоянд. Онҳо ба кишварҳои Аврупо ва Кореяи ҷанубӣ раводид дарёфт намуда, ба он ҷо ба кор рафта истодаанд. Солҳои охир пайдо кардани корҳои мавсимӣ дар Бритониё зиёд шуда истодааст. Мавзуи навбатии барномаи иттилоотиву таҳлилии “Набзи зиндагӣ” ба ин мавзуъ бахшида шуд. Майлонҳои нави муҳоҷирон ба кишварҳои кордеҳ чӣ афзалият ва мушкилот дорад? Дар барнома коршиносони ин мавзуъ ва ду гузориш, яке аз шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ва дигаре аз ш.Хуҷанди вилояти Суғд дар ин маврид таҳия ва ҷойгир карда шудааст.