Дар мизи мудаввари телевизионӣ аз натиҷаи мавзуҳои дар лоиҳаи муштарак анҷомдода сухан карда шуд. Иштирокчиёнаш коршиносони соҳаи ҳуқуқ, муҳоҷират, фаъолони ҷомеа ва ҷавонону намояндагони ВАО буданд, ки дар ин самт фаъолият мебаранд. Гардонандаи суҳбат журналист, Илҳомҷон Ҳошимов аз дирузу имрузи муҳоҷирату муҳоҷирон ва майлонҳои нав дар ин самтро ба маърази баррасӣ гузошт. Иштирокчиён вобаста ба масъалаҳои гузошташуда андешаҳои худро баён доштанд.