Муҳоҷират дар рӯи олам раванди маъмулӣ аст. Дар руи ҷаҳон аз руи маълумоти омории ташкилоти умумиҷаҳонии муҳоҷират ҳудуди 210 миллион нафар одамон дар муҳоҷиратанд, ки аз ин шумора қариб нисфашро занон ташкил медиҳад. Муҳоҷират намудҳои гунонун дорад, аммо бештарини он муҳоҷирати меҳнатӣ аст, ки одамон ба хотири беҳтар намудани сатҳи зиндагии худ аз ҷое ба ҷои дигар ҷӯёи кор мешаванд. Занони муҳоҷири меҳнатии тоҷикистон бо кадом зарурат аз ватан берун мешаванд? Бино ба маълумоти Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ҶТ дар вилояти Суғд давоми чор моҳи соли 2023-юм беш аз 70 ҳазор нафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар карданд. Наздик 1000 нафари онҳоро занон ташкил медиҳанд. #см1 #набзизиндагӣ2023 #муҳочиратибехатар #безопаснаямиграция #маъракаиттилоотӣ #инфокампания #нансмит #журналист #mediacamp #mediatj #internewstj

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.