ҶАВОНОН ДАР КУҶО МАШҚИ ВАРЗИШӢ МЕКУНАНД?

ҶАВОНОН ДАР КУҶО МАШҚИ ВАРЗИШӢ МЕКУНАНД?

Ток-шоуи «Рӯ ба рӯ» ин навбат мавзӯи ҷавонон ва варзишро ба баҳс кашид. Варзиш ва солимӣ тавъам мебошанд. Аммо ҷавонон то куҷо завқи ба варзиш машғул шуданро доранд? Иншоотҳои варзишӣ дар вилояти Суғд кофӣ аст? Барои варзишгарон чӣ имкониятҳо мавҷуд аст? Чӣ гуна бояд ба варзиш машғул шуд? Ин ва дигар саволҳо дар барнома баррасӣ гашт.

Поделиться в:
Подробнее

САБР КАРДАН ДАР ШИНОХТИ ҶАВОНОН

САБР КАРДАН ДАР ШИНОХТИ ҶАВОНОН

Ток-шоуи «Рӯ ба рӯ» ин навбат мавзӯи сабрро ба баҳс кашид. Сабр мавзӯӣ классикӣ аст, аммо имрӯз низ калонсолон бо ангушти ишорат сӯи ҷавонон менигаранд. Ҷавононро бе сабр мехонанд. Бобати ин андеша худи ҷавонон чӣ мегӯянд? Посухи суолро аз барнома пайдо намоед. Коршиноси барнома Ислом Раҳимов ишора мекунад, ки пеш аз сабр ду зинаи дигар «қаноатмандӣ» ва «таҳаммулпазирӣ» мавҷуд аст. Бидуни инҳо сабр буда наметавонад. Шумо чӣ мегӯед? Пас аз тамошои барнома метавонед шарҳҳоятонро гузоред.

Поделиться в:
Подробнее

СИННИ ОИЛАДОРШАВИИ ҶАВОНОН КАДОМ БОЯД БОШАД?

СИННИ ОИЛАДОРШАВИИ ҶАВОНОН КАДОМ БОЯД БОШАД?

Ток-шоуи «Рӯ ба рӯ» ин навбат мавзӯи синни оиладоршавии ҷавононро ба баҳс кашид. Масъалаи барвақт оиладор намудани ҷавонон, махсусан бармаҳал ба шавҳар додани духтарон яке аз мушкилоти умдаи ҷомеаи мо маҳсуб меёбад. Дар барнома паёмадҳои барвақт ё дер оиладор шудан аз ҷониби худи ҷавонон таҳлил гашт. Иштирокчиён қайд намуданд, ки синни хуби оиладоршавӣ кадом аст ва дар кадом маврид ҷавонон метавонанд зиндагии мустақилонаи худро ба роҳ монанд.

Поделиться в:
Подробнее

НАТИҶАГИРӢ АЗ СОЛИ 2018

НАТИҶАГИРӢ АЗ СОЛИ 2018

Ток-шоуи «Рӯ ба рӯ» аз фаъолияти яксолаи худ натиҷагирӣ намуд. Дар ин барнома донишҷӯён ё ҷавонони фаъол иштирок нанамуданд. Ҳисоботи як солаи «Рӯ ба рӯ» бо коршиносони маъруф суръат гирифт. Коршиносон аз бурду бохти барнома ҳарф заданд. Барнома ҷолибу диданӣ суръат гирифт. 27 мавзӯи баррасишуда дар соли 2018 таҳлил гашт…

Поделиться в:
Подробнее

БЕТАВАҶҶӮҲИ БА ТЕАТР. НАМОИШНОМАҲО КОСТА ШУДААСТ Ё ЗАВҚИ МО

БЕТАВАҶҶӮҲИ БА ТЕАТР. НАМОИШНОМАҲО КОСТА ШУДААСТ Ё ЗАВҚИ МО

Мавзӯи театр баҳси навбатии «Рӯ ба рӯ» буд. Донишҷӯён доири сатҳу сифати намоишномаҳо, толорҳои холии театрҳо, завқи тамошобин ва дигар паҳлӯҳои мавзӯъ баҳс намуданд. Фикри ҷавононро коргардон ва ҳунарманди театр, директори МД «Суғдсинамо» Муҳиддини Музаффар коршиносӣ намуд.

Поделиться в:
Подробнее

ДОНИШҶӮИ ВОҚЕӢ КИСТ? ДОНИШҶӮЁН БА ТАЛАБОТИ ДОНИГОҲ ҶАВОБГӮ ҲАСТАНД?

ДОНИШҶӮИ ВОҚЕӢ КИСТ? ДОНИШҶӮЁН БА ТАЛАБОТИ ДОНИГОҲ ҶАВОБГӮ ҲАСТАНД?

Баҳси навбатии “Рӯ ба рӯ” дар мавзӯи “Донишҷӯи воқеӣ кист?” суръат гирифт. Донишҷӯён аз зиндагии худ баҳс намуданд. Бархе бар он назар буданд, ки донишҷӯён ба талаботи муассисаҳои олӣ ҷавобгӯ нестанд ва донишҷӯёни воқеӣ хеле кам ҳастанд. Гурӯҳи дигари донишҷӯён ҷонибдори он буданд, ки донишгоҳҳо ба талаботи донишҷӯён ҷавобгӯ нест. Дар атрофи масъалаи мазкур баҳс хеле тезу-тунд суръат гирифт. Барнома ҷолибу пурбаҳс суръат гирифт.

Поделиться в:
Подробнее