ҶАВОНОН АЗ СОЛИ 2017 БО ХУД ЧӢ МЕБАРАНД?

ҶАВОНОН АЗ СОЛИ 2017 БО ХУД  ЧӢ МЕБАРАНД?

Ҷавонони имрӯз чӣ мехоҳанд? Онҳо аз соли сипаришуда бо худ чӣ гирифтанд? Кадом қишри ҷавонон аз соли 2017 бебаҳра монданд? Ҷавонон мушкилоти худро то кадом андоза дарк мекунанд? Ин ва дигар саволҳоро дар муҳокимаи навбатии барнома тамошо кунед. Ҷавонон аз зиндагии худ ҳарф заданд ва онҳо гуфтаниҳои зиёд доранд.

Поделиться в:
Подробнее

ҶАВОНОН ДАР ИНТИХОБИ ҲАМСАР ТО КУҶО МУСТАҚИЛАНД?

ҶАВОНОН ДАР ИНТИХОБИ ҲАМСАР ТО КУҶО МУСТАҚИЛАНД?

Ток-шоуи навбатии “Рӯ ба рӯ” дар мавзӯи навбатӣ мустақилияти интихоби ҷавононро таҳлил намуд. Дар барнома ду ҷониби фикрҳои ба ҳам зид иштирок намуданд, ки яке мустақилияти пурраи ҷавононро мехостанд ва дигар ҷониб бар он буданд, ки ҷавонон барои истиқлол ҳоло таҷрибаи кофии зиндагӣ надоранд. Бинобар он бояд волидонашон ҳамсафари ояндаи онҳоро интихоб намоянд. Дар баробари мустақилияти интихоб, истиқлоли зеҳниву, иқтисодии ҷавонон аз ҷониби иштирокчиён ва коршиноси барнома таҳлил карда шуд.

Поделиться в:
Подробнее

“Репхонӣ. Мӯдӣ нав дар мусиқӣ ё беҳудагӯӣ?”

“Репхонӣ. Мӯдӣ нав дар мусиқӣ ё беҳудагӯӣ?”

Репро дар Тоҷикистон метавон ба ҳайси санъат қабул кард? Реп ба шунавандагонаш чӣ медиҳад? Чаро ҷавонон ба ин намуди мусиқӣ таваҷҷӯҳ доранд? Оё ҳамаи ҷавонон репро гӯш мекунанд? Мазмуну мӯҳтавои репҳои тоҷикӣ чӣ гуна аст? Истилоҳҳои нави “батл” ва “фристайл”, ки репсароён иҷро мекунанд, барои чӣ лозим аст? Мурод аз иҷрои ин намудҳои мусиқӣ дар чист? Посухи ин ва дигар саволҳо дар барномаи навбатии “Рӯ ба рӯ” муҳокима гашт. Ду ҷониби куллан ба ҳам зид баҳс намуданд. Дар ток-шоу реп ва репсароӣ аз як ҷониб зери танқиди шадид гирифта шуд,…

Поделиться в:
Подробнее

“ДОНИШҶӮ ХОНАД Ё КОР КУНАД?”

“ДОНИШҶӮ ХОНАД Ё КОР КУНАД?”

Рисолати донишҷӯ дар чист? Хондан ё кор кардан? Донишҷӯёне, ки аз шаҳру навоҳи барои хондан ба маркази вилоят меоянд, оё маҷбуранд, ки кор кунанд? Корҳои ҷисмонӣ барои донишҷӯ чӣ паёмад дорад? Кор кардани донишҷӯ ба сифати таҳсил чӣ гуна таъсир мерасонад? Донишҷӯёне, ки шароити ичтимоии душвор доранд, чӣ кор кунанд? Ин ва дигар саволҳоро вобаста ба ҳаёти донишҷӯ дар таҳлили мавзӯи навбатии ток шоу “Рӯ ба рӯ” тамошо кунед.

Поделиться в:
Подробнее

ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ: МАЙДОНИ БАҲС, ХУДНАМОӢ Ё ВАҚТКУШӢ?

ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ: МАЙДОНИ БАҲС, ХУДНАМОӢ Ё ВАҚТКУШӢ?

Теъдоди зиёди шабакаҳои иҷтимоӣ ва таъсири онҳо ба зиндагии ҷавонон. Суду зиёни шабакаҳои иҷтимоӣ. Вақтхушиву вақткушӣ тавассути интернет ва дигар паҳлӯҳои мусбиву манфии шабакаҳои иҷтимоӣ дар барномаи навбатии “Рӯ ба рӯ” муҳокима гашт. Ҷавонон аз набзи зиндагии худ ҳарф заданд.

Поделиться в:
Подробнее

ЗИЁД ҶУДО ШУДАНИ ОИЛАҲОИ ҶАВОН: САБАБ ЧИСТ?

ЗИЁД ҶУДО ШУДАНИ ОИЛАҲОИ ҶАВОН: САБАБ ЧИСТ?

Ҷавонони имрӯз оё барои оиладор шудан омода ҳастанд? Онҳо барвақт оиладор мешаванд? Оё ҷаонони истиқлоли иқтисодӣ доранд? Побанди маблағҳои волидон нестанд? Зиндаятим шудани кӯдакон ва ояндаи онҳоро тасаввур карда метавонанд? Онҳо боварӣ доранд, ки пас аз ҷудошавӣ рӯзгори беҳтареро меёбанд? Нақши волидон дар ҳалли мушкилоти ҷудошавии оилаҳои ҷавон чӣ гуна аст? Посухи ин ва дигар саволҳоро дар барномаи “Рӯ ба рӯ” пайдо кунед.

Поделиться в:
Подробнее