Дар вилояти Суғд Иди Сада таҷлил гардид

Дар  вилояти Суғд  Иди  Сада таҷлил гардид

Ҷашни Сада яке аз маросимҳои маъруфи мардуми тоҷику форс аст, ки дар оғози шомгоҳи 10-и баҳман баргузор мегардад.Тибқи сарчашмаҳо ин рӯзро Обонрӯз низ меноманд. Сада дар забони авастоӣ ба маънои баромадан ва тулӯъ кардан омадааст. Бахшида ба ин иди таърихии қадима санаи 27 январ дар вилояти Суғд маркази маъмурии он шаҳри Хуҷанд Иди Сада таҷлил гардид. Дар он кишоварзону деҳқонони шаҳру ноҳияҳо иштирок карданд.

Поделиться в:
Подробнее

Соли 2019 фиттаи «12 соли интизорӣ» ба фурӯш мебарояд

Соли 2019 фиттаи «12 соли интизорӣ» ба фурӯш мебарояд

Муассисаи давлатии Тоҷикфилм 15 ҳазор фиттаҳои ғайриқонунӣ ва пастсифатро аз мағозаву бозорҳои вилояти Суғд мусодира намуд. Зиёд нусхабардори шудани фиттаҳо боиси ба фурӯш набаровардани филмҳои Муассисаи давлатии Суғдсинамо гардидааст. Ин муассиса аз 7 филми таҳиякардааш 1 филми Паймонро дар фитта ба фурӯш гузошт. Аммо пушаймон шуд. Чаро?

Поделиться в:
Подробнее

Рақамгузорӣ дар хонаҳои истиқоматии Ғафуров

Рақамгузорӣ дар хонаҳои истиқоматии Ғафуров

Омодагӣ барои барӯйхатгирии аҳолӣ дар соли 2020 дар ноҳияи Б.Ғафуров аз оғози соли ҷорӣ шурӯъ гардид. Раёсати Агентии омори назди президенти ҶТ дар ин ноҳия ба ҳавлиҳои берақам рақамгузори менамоянд. Будани рақам дар ҳавлиҳо кори барӯйхатгирии аҳолиро осон мекунад.

Поделиться в:
Подробнее

Дар ҷамоати Хистеварз чорвоҳоро мешуморанд

Дар ҷамоати Хистеварз чорвоҳоро мешуморанд

Дар ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров масъулони раёсати Агентии омори назди Президенти ҶТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров саршумори чорворо гузаронида истодаанд. Онҳо дар ҳавлиҳои истиқоматӣ, хоҷагиҳои ҷамъиятиву деҳқонӣ чорво ва ҳама намуди паррандаҳоро мешуморанд.

Поделиться в:
Подробнее