Зеристгоҳҳои трансформаторӣ ба зимистонгузаронӣ омодаанд?

Оё ҳама зеристгоҳҳои барқӣ ба гузаронидани мавсими зимистон омода ҳастанд? Барои посух гирифтан ба ин савол кормандони Раёсати назорати давлатии энергетикаи шаҳри Хуҷанд дар чанд зеристгоҳ назорат гузарониданд.

Ба гуфти нозирон дар зеристгоҳҳои барқии пуриқтидор корҳои таъмиру тармим рафта истодааст. Аз зеристгоҳҳои азим баъд ба нуқтаҳои трансформаторӣ, ки аз онҳо ба аҳолӣ барқ дода мешавад, қувваи барқ интиқол меёбад. Дар нуқтаи трансформатории 653, дар назди бинои 7-и махаллаи 19-ум вазъият хуб нест. Васлакҳои калон на бо муҳофизак, балки бо сими мисин пайваст шудааст. -Бартараф кардани ин ҳолат лозим аст, мегӯянд кормандони Раёсати назорати давлатии энергетикаи шаҳри Хуҷанд. Аз ин пештар ба чанд корхонаю муассиса барои бартарафсозии камбудию нуксонҳо аз ҷониби ин идора супоришҳо дода шуда буданд.

Сардори Раёсати назорати давлатии энергетикаи шаҳри Хуҷанд Луқмон Ҷӯраев бошад, ба аҳолии шаҳр муроҷиат кард, ки ҳарчи бештар аз фурӯзонакҳои каммасраф истифода баранд, то ин ки дар мавсими зимистон мушкилии норасогии барқ ва садамаи трансформаторҳо пайдо нагарданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.