Заводи Хуҷанд-Зил аз нав эҳё мешавад

Минбаъд дар ин завод истехсоли автомашинаҳои зарурӣ ба хоҷагии қишлоқ, комуналиву ҳарбиро ба роҳ мемонанд. Коргоҳ бо заводи «Амур»-и Федератсияи Руссия, ки ба истеҳсоли намудҳои гуногуни автомашина машғул аст, барои ҳамкорӣ қарордод ба имзо расонид.

Тибқи қарордод, он автомашинаҳое,ки заводи Амур истеҳсол мекунад, дар Хуҷанд-Зил ҳам истеҳсоли он сурат мегирад. Якум этапи автомашинаҳоро, ки аз 16-намуд иборат аст, заводи Амур ба Тоҷикистон фиристонид. Ба гуфти роҳбарияти коргоҳ завод тасмим дорад, минбаъд 16-намуди автомашинаҳоро, ки барои хоҷагии қишлоқ, комуналиву ҳарбӣ ва ғайра пешбинӣ шудаанд, истеҳсол намояд.

Ба ғайр аз ин барои сохтмон ва бизнеси хурду миёна автомашинаҳои Татаи Ҳиндустонро, ки бо бренди заводи Амур сохта мешаванд, истехсол кунанд. Дар сурати фаъол гаштани истеҳсолот, дар назар аст, тақрибан 150-нафар мутахассис дигарбора бо ҷои кор таъмин шаванд. Пештар ин завод дар як сол то 1000 адад автобус истеҳсол мекард. Аммо солҳои охир аз сабаби набудани талабот ба ин намуди нақлиёт коргоҳ қариб ки футур рафта буд. Рӯзҳои наздик дар завод ярмаркаи наклиёт гузаронида мешавад. Ҳоло ба ин чорабинӣ омодагӣ мебинанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.