Занони тозакору сафобахши Хуҷанд.

Бахшида ба рӯзи модар ток шоуи идонаи Печутоби замон таҳия гардид. Дар барнома занону модарон аз КВДК Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Хуҷанд ширкат намуданд. Навори барнома аз таърихи рӯбандагии замони Руссияи подшоҳӣ ёдрас кард.   Ҳанӯз аз он давраҳо рӯбандагон натанҳо барои тозагии муҳит масъул буданд. Онҳо бисёр вазифаҳои дигарро низ ба ӯҳда доштанд. Аз ҷумла масъули тозагиву оромии муҳит буданд. Кӯчарӯбҳо бечораву бенаво, оворагардон,сурнайнавозон, сантехниконеро ки шахсияташон муайян намешуд, дастгир мекарданд. Ҳатто дар рӯи ҳавлии биноҳои истиқоматӣ навохтани асбоби мусиқии шарманкаро иҷозат намедоданд. Бо як сухан он замон вазифаи  нозири минтақавиро  низ адо мекарданд.  Дар Россияи шӯравӣ низ ин меъёрҳо то миёнаҳои асри 20 риоя мешуд. Ҳатто ҳолатҳоеро таърих исбот кардааст, ки кӯчарӯбҳо ёрдамчиёни ихтиёрии политсияву жандармҳо буданд. Аз солҳои шӯравӣ то ба имрӯз онҳое рӯбанда мешаванд, ки бештар аз дигар шаҳру ноҳияҳо ба марказ меоянд. Ин одамон бо ҷои истиқомат низ таъмин мешаванд. Аз соли 1987 дар Ҷумҳурии Мардумии Чин иди касбии рӯбандагон ҷашн гирифта мешавад. Ва ин рӯз санаи 26-уми моҳи октябр аст. Дар бештари шаҳрҳои Руссия аз ҷумла Санкт Петербург,Тюмень, шаҳри Гомелеи Беллоруссия, Балашиха ва дигар шаҳрҳои калон ҳайкали рӯбандаҳо гузошта шудааст. Ва меҳмонону шаҳрвандон ба ин касб эҳтироми хосса доранд. Рӯбандагиро ҳам мард иҷро мекунаду ҳам зан. Дар шаҳри Хуҷанд низ ҳамарӯза рӯбандаҳо аз субҳи содиқ баҳри тозагиву озодагии шаҳр кор мекунанд. Гоҳо баъзе аз шаҳрвандон ба қадри заҳмати ин меҳнаткашон намерасанд. Ин паҳлӯи масъаларо дар ҷараёни барнома иштирокдорон иброз  намуданд. Зебо Муллоева рӯбанда аст. Дар ин кор собиқаи зиёда аз 42 сола дорад. Аз муносибати шаҳрвандон нисбат ба тозагии муҳити зист нигаронӣ дорад. Бахусус  партове, ки қассобон ба ҷӯйбор мепартоянд, Зеборо ғамгину асабӣ мекунад. Ӯ бонги изтироб мезанад. Аз эфири  барнома истифода намуда, масъулонро барои чораҷӯӣ нисбати ин ҳолат даъват кард. Аслан вай факултети филологияи тоҷикро хатм кардааст. Аммо бо мурури замон чархи зиндагӣ вайро ба дигар самт овард. Ӯ рӯбандагиро  касб намуд. Шеър ҳам менависад. Дар барномаи идонаи Печутоби замон аз шеърҳои тозаэҷодаш хонда дод. Ин зани тозакору сафобахши Хуҷанд, аз касбу кораш ифтихор дорад. Бо ин амали хеш ба қавле рӯи заминро мекушояд ва ба ин васила амали хайру савобро ҳам иҷро мекунад. Зани тозакори дигар, ки дар барнома иштирок дошт, Улфатой Абдуғаффорова аст. Ин зан хатмкардаи ДДТТ ба номи М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд аст. Маълумоти олӣ дорад. Аммо вазъи ичтимоии оилааш водор намуд, ки ҳамроҳи хушдоманаш кӯчарӯбӣ кунад. Вай мегӯяд, ки аввалҳо фарзандонаш аз ин кори модар шарм мекарданд. Лекин баъди сӯҳбатҳои пайвастаи модаркалон, онҳо нигоҳи худро нисбат ба кори модарашон тағир доданд. Улфатой аз субҳи барвақт  рӯбандагиро оғоз мекунад. Соати кориаш аз 3-и саҳарӣ то соати 9-и пагоҳирӯзӣ аст. Баъдан ба хона омада, корҳои хонаро сомон мекунаду ба ҳунари дӯстдоштааш-дӯзандагӣ машғул мешавад. Ҳамин тавр 18 нафар занони тозакору сафобахши Хуҷанд дар Печутоби замон аз ҳаёту фаъолияти хеш нақл карданд. Онҳо умедворанд, ки баъди намоиши ин барнома, мардум  заҳмати онҳоро қадр мекунанд. 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.