«Хуҷанд»: 20-уми феврал «ғалаба мекунем»

Пагоҳ, 20-уми феврал дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо «Аҳал»-и Туркманистон дар Варзишгоҳи «20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд бозӣ мекунад. Оғози бозии ҷавобии плей-оффи Ҷоми AFC-2018 миёни ин ду даста соати 14:00 оғоз мешавад. Дар бозии аввал дастаи «Хуҷанд» аз «Аҳал» рӯзи 13-уми феврал, дар варзишгоҳи «Спорт Туплимӣ»-и шаҳри Балканободи Туркманистон бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрда буд.

Рустам Хоҷаев, сармураббии дастаи «Хуҷанд» имрӯз, 19-уми феврал дар нишасти хабарии пеш аз мусобиқа гуфт, онҳо кӯшиш доранд  дар майдони худ дастаи «Аҳал»-ро шикаст диҳанд. «Мехоҳем ғалаба кунем, лекин ин футбол аст. Дар бозӣ мо аз футболбозон талаб мекунем, ки аввалан як гол зананд». Манучеҳр Раҳматов, сардори дастаи «Хуҷанд» ҳам гуфт, ҳамаи футболбозон тамрини хуб кардаанд ва ғалаба ба даст меоранд. «Аз дастамо чӣ ояд, дар майдон маҳорати худро нишон дода ғалаба мекунем».

Дар идома сармураббии дастаи «Хуҷанд» сабаби шикаст хӯрдани дастааш дар рӯзи 13-уми февралро аз камтаҷрибагии футболбозон дар бозиҳои AFC номид.  Рустам Хоҷаев мегӯяд, гурӯҳи бештари футболбозони «Хуҷанд» дар Ҷоми АФК бори нахуст иштирок карданд. «Гуфта метавонам, ки дар бозии нахустин мо таҷриба надоштем. Чунин бозиҳо барои даста нав аст. Инҳо футболбозони наванд. Бисёрияшон дар чунин мусобиқаҳо бозӣ накардаанд. Барои онҳо ин бозии аввал буд. Дар мавриди ҷаримаи 11 метра ман фикр мекунам онро танҳо довар муайян мекунад. Мо мақсади дигар дорем гузаштаро ёд намекунем. Мо бояд пагоҳ ба мусобиқа бароем ва бозии ҷолибро нишон диҳем».

Дар ҳамин ҳол Равшан Меретов, сармураббии дастаи «Аҳал»-и Туркманистон мегӯяд, эҳсос мешавад, ки дар дастаи «Хуҷанд» бозингарон наванд ва аз ин рӯ даста чандон хуб бозӣ накард. «Шояд ин ягон мушкилии муайян ва муваққатӣ бошад. Аммо маълум аст, ки дар даста пешравӣ ҳаст ва даста як самти дақиқи бозии хуро дорад». 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.