ВАЗЪИ ДЕҲАИ ГУЛИСТОНИ ПАНҶАКЕНТ ДАР ШАРОИТИ ПАНДЕМИЯ

Бунгоҳи тиббии деҳаи Гулистон

Дар деҳаи Гулистони шаҳри Панҷакент як бунгоҳи тибби вуҷуд дорад, ки як духтури оилавӣ, як ҳамшираи шавқат ва як бародари шавқат фаъолият мебаранд.  Дар замони пандемия, ки COVID – 19 мардуми деҳаро ба таҳлука андохтааст, ин бунгоҳи тиббӣ аз нақшаи корӣ берун, шабонарӯзӣ фаъолият мекунанд. Духтури оилавии деҳа Файзигул Уроқова ҳангоми сӯҳбат бо мо қайд кард, ки ҳатто буданд лаҳзаҳое, ки соати 22 то 24 мардум ба мо занг мезаданд ва хоҳиш менамуданд, ки рафта онҳоро муолиҷа кунем. Мо мерафтем муоина мекардем ва медидем, ки аз сабаби зукоми оддӣ каме табашон баланд шудаасту халос. Ҳарчанд мефаҳмонидем, ки ба таҳлука наафтеду гигиенаи шахсии худ риоя кунед, мардум бо андак баланд шудани табашон боз ба таҳлука меафтанд. Мушкилии асосии деҳа низ воҳима крдани сокинон ва ба таҳлука афтоданашон аст:

Ҳарчанд, ки дар деҳаи Гулистон 300 хоҷагӣ зиндагӣ мекунанд, қаблан ин ҷо бунгоҳи тиббӣ вуҷуд надошт. Сокиноне, ки ба ягон намуди беморӣ гирифтор мешуданд, ба беморхонаи марказии деҳаи Марғедар ё ба беморхонаи шаҳр мерафтанд. Баъзан мешуд ҳолатҳое, ки барои ба беморхона бурдани бемор мушкилии нақлиёт ба миён меомад ва сокинон маҷбӯр ба муолиҷаи бо истилоҳ “бобоӣ” оғоз менамуданд. Баъд аз он, ки дар деҳа бунгоҳи тиббӣ бунёд гардид вазъ дар деҳа беҳтар гашт. Анорқул Раҷабова мудири бунгоҳи тиббӣ аз ҳамин мавзӯъ қисса мекунад.

Мардуми деҳаи Гулистон ба соҳаҳои асосии кишоварзӣ, аз ҷумла боғдорӣ, растанипарварӣ ва чорводорӣ машғул шуда, барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар деҳот заминаи асосӣ мегузоранд. Дар баробари он ки ҷаҳони муосирро имрӯз хурӯҷи бемории короновирус ба ташвиш овардааст, дар пешгирии ин беморӣ ва анҷом додани корҳои ташхисию табобатӣ, табибон заҳмати шабонарӯзӣ доранд.

Ҳарчанд, ки ягона бунгоҳи тибии ин деҳа ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ нест, барои сокинони деҳа ягона манбаи умед аст, ки ҳангоми сар задани ягон беморӣ ба ин ҷо муроҷиат мекунад.

Мустафо НУРУЛЛОЕВ, шаҳри Панҷакент

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.