Вазъи ҷинояткорӣ дар Хуҷанд

Давоми соли 2010-ум дар шаҳр ҳамагӣ 733 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати нишондиҳандаи порсола 10,7 фоиз изофа мебошад.

Теъдоди қаллобӣ ва авбошӣ кам шуда бошад хам ҷиноятҳои вазнин 15,5 фоиз, расондани зарари ҷисмонӣ ба саломатӣ 60 фоиз, тамаъҷӯӣ 1 баробар, дуздӣ 17,6 фоиз, ғоратгарӣ 2,6 баробар, ҷинояти ноболигон 2,4 маротиба афзудааст. Соли 2009-ум ягон ҳодисаи таҷовуз ба номус ва кӯшиши он содир нашуда буд, соли гузашта 3 адад чунин ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. 35 ҳодисаҳои худкушӣ ва қасди худкушӣ ба амал омадааст, ки ин назар ба ҳамин давраи соли гузашта 12,5 фоиз, шумораи бар асари он фавтидагон 60 фоиз кам мебошад. Дар масъалаи зиёд шудани ҷинояткории ноболиғон дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд раиси шаҳр Содиқ Мирхолиқов гуфт, ки он аз ҳисоби ноболиғоне ки аз ноҳияҳои наздик ба шаҳр омадаанд зиёд шудааст. Ба гуфти раиси шаҳр аз минтақаҳои Унҷӣ, Рӯмон ва монанди ин ноболиғон дар шаҳр омада даст ба ҷиноят мезананд ва дар омор ҷиноятҳои содиркардаи онон ҳам ба шаҳр навишта мешавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.