Вақте ки кўҳи Мевағул месўзад…

Санаи 26-уми октябр, бегоҳӣ дар кўҳи Мевағул, дар болотари бинои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд сўхтор ба амал омад. Ҷои сўхтор се кўҳ дуртар аз кўҳи кабати аввал аст.

Азбаски ҳодиса шабона ба амал омадааст ва равшании сухтор то ҷойҳои дур аён гашт, дар байни мардум ҳар гуна овозаҳо паҳн гашт. Ҳатто сарзании вулқонро ҳам мардум тахмин заданд. Гурўҳи дигар мегуфт, ки гўиё тайёрае ба ин ҷо сарнагун шудааст.

Аммо ҳодиса дар асл ин хел набудааст. Сўхтор бино бар маълумоти Ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи вилоят бегаҳӣ сар задаст.

Ба ҷои ҳодиса кормандони ситод бо таҷҳизоти кўҳнавардӣ маҷаҳҳаз гардида равон мешаванд. Онҳо дар ин минтақа то соати 6-30 дақиқаи субҳи санаи 27-уми октябр қарор мегиранд.

Маълум гашта буд, ки сўхтор масоҳати зиёдро фаро гирифтааст ва асосан алафҳои хушк ва растаниҳои кўхӣ, буттаҳои хушкида аланга гирифтаанд.

Соати 8-и субҳи ҳамон рўз гурўҳии зудамал боз такроран ба ҷои ҳодиса мераванд. Муҳим аз ҳама он аст, ки дар натиҷаи сўхтор ягон нафар зарар надидааст.

Танҳо алафҳои хушкида ва буттаҳо сўхта ба хокистар табдил ёфтаанд. Сабаби сарзании сўхтор комилан дақиқ нест. Аммо тахмин карда мешавад, ки оташ аз кулбаи ягон чўпон ба доманакўҳ расида аланга ва сухтор то ба қулла баромадааст. Оташ хомўш гаштааст. Барои мардум бошад, чӣ будани ин ҳодисаро ҳоҷати тахмин задан намонд.

На вулқон, на садама, на баромадани газу нафт, балки сўхтор сабаби пайдо шудани равшанӣ дар қуллаи кўҳи Мевағул будааст. (Барои исботи ин чанд расмеро, ки Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилоят ба мо дастрас намуд, пекашаши шумо мегардонем).

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.