Умеди поккории минаҳо аз гарм шудани муносибати Тоҷикистон бо Ӯзбекистон

Як масъули ҳукумати маҳаллии шаҳри Панҷакент бар он бовар аст, ки гарм шудани муносибати Тоҷикистон бо Ӯзбекистон заминаеро барои поккории минаҳо дар вилояти Суғд хоҳад гузошт. Турдибой Солеҳзода, кормани мақомоти маҳаллии иҷроияи шаҳри Панҷакент дар сӯҳбат бо хабарнигори СМ-1 гуфт, ки ҳоло 6 деҳаву ҷамоати ин шаҳр дар марзи минакоришудаи Ӯзбекистон ҷойгир аст. Бино ба иттилои расмими ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд охирон таркиши минаҳо дар ин вилоят дар ҷамоати Рӯдакии шаҳри Панҷакент соли 2016 ба қайд гирифта шуда буд. Ҳоло оилаи аз таркиши мина зарардида зери назорати ташкилот қарор доштааст. Гуфта мешавад, ки аз таркиши минаҳо дар марзи вилояти Суғд бо Ӯзбекистон 142 нафар маҷрӯҳу фавтидаанд. Бино ба ақидаи Турдибой Солеҳзода ҳарчанд майдони минакоришуда дар шимолии Тоҷикистон мушаххас нашудааст, аммо хатари он ба аҳолӣ бештар аст. «Давлати ҳамсояи Ӯзбекистон ба мо харитаи мавзеъҳои минакоришударо пешниҳод намекунад. Агар ин харита аз ҷониби онҳо пешниҳод шавад ҳоҷати бархӯрди аҳолӣ ба минаҳо намешавад. Ман умедворам, ки бо гарм шудани муносибати ду ҳамсоя кишвар масъалаи поккории минаҳо ба миён гузошта хоҳад шуд»

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.