Ташкилотчии маъруф Фаррух Тюряев аз олам даргузашт

Фаррух Тюряев яке аз фаъолони ташкилоти ҷамъиятӣ дар синни 51 солагӣ аз олам даргузашт. Марҳум давоми 22 соли охир директори генералии Ташкилоти ҷамъиятии Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистонро дар зимма дошт. Нақши Фаррух Тюряевро дар рушду нумӯи илму маърифат дар кишвар ва беҳдошти аҳолӣ муҳим арзёбӣ мекунанд, ки чандин барномаҳои хосаеро дар ин ҷода пиёда сохтааст. Маросими видоъ бо ин ташкилотчии номӣ дар рӯзи дуюми моҳи Рамазон, дар назди хонааш шаҳри Хуҷанд доир гардид. Ҷасади Фаррух Тюряеваро бегоҳии рӯзи якшанбеи 28 май дар оромгоҳи «Гумбази қошуқ»-и шаҳри Хуҷанд ба хок супурида шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.