Ташбеҳи осорхонаи Ҷӯрабек Муродов ба муҳаббатхона

Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов осорхонаашро ба як муҳаббатхона ташбеҳ дод, ки дар он садҳо тӯҳфаҳои бадастовардаяш ҳифз мешаванд. Дар осорхонаи Ҷӯрабек Муродов асбобҳои мусиқӣ, либосҳои миллӣ ва дигар тӯҳфаҳои тақрибан сад кишвари дунё гирдоварӣ шудааст. Ҷӯрабек Муродов мегӯяд, ин меҳнати 55 солаи ӯст. Тӯҳфаи ҳунарманди синамои Ҳиндустон Раҷ Капур, ки соли 1982 барояш тақдим карда буд ҳифз кардааст. Ин тӯҳфа асбоби мусиқии «Ситор» аст, ки беш аз як метр дарозӣ дошта бозгӯи санъати қадимаи ҳиндҳо мебошад. Ҳунарманд гуфт, ки тӯҳфаи Раҷ Капур барояш нодир аст. Бино ба гуфти Ҷӯрабек Муродов осорхонаяш наинки танҳо барои ӯст, балки осорхонаи тамоми санъати дунёст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.