Тамрини 10 000 нафар дар кӯчаҳои Хуҷанд

Субҳи имрӯз, 17-уми март беш аз 10 ҳазор нафар дар дави миллӣ, дучархаронӣ ва машқи пагоҳирӯзӣ дар шаҳри Хуҷанд ба кӯчаҳо баромаданд. Аксари иштирокчиёни ин чорабинии варзишӣ хонандагони мактаб ва ҳам донишҷӯён буданд. Масъулини бахши варзиши Хуҷанд мегӯяд, аз ин баъд тибқи як дастур ҳар шанбеи ҳафта кормандони сохтору идораҳо ва сокинон ба машқи пагоҳирӯзӣ ҷалб карда мешаванд. Дави миллӣ аз назди маҷмааи «Истиқлол» то маҳаллаи 3-уми Хуҷанд ба масофаи 5 ҳазору 300 метр идома кард. Беш аз 500 нафар дучархаронҳо низ ҳамин масофаро тай карданд. Масъулини мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, ҳар шанбеи охири ҳафта ҳамчун рӯзи варзиш эълон шудааст.

Видеои бешарҳи дави миллӣ, дучархарониро бо шарҳи масъулин аз ин ҷо бубинед.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.