ТАҲДИД: ҲАМЛАИ РӮБОҲУ ШАҒОЛ БА ПАРРАНДАҲОИ ХОНАГӢ

Рӯбоҳу шағол дар Хуҷанд. Паррандаҳои хонагии сокинони маҳаллаи Чашмаи Арзанаро ҳайвонҳои ваҳшӣ мехӯранд. Ин ҳолат давоми 2 моҳи охир  ба чашм мерасад. Сокинон аз кам ва  нест шудани мурғобиву мурғашон шикоят мекунанд. Нолаи шабонаи шағолу рӯбоҳ наврасону кӯдаконро ба ваҳм овардааст. Барои қир ва маҳв намудани ҳайвонҳои ваҳшӣ дар маҳаллаи Чашмаи Арзанаи шаҳри Хуҷанд корамандони ҷамъияти шикорчиён ва моҳидорони вилояти Суғд корбарӣ доранд. Қир намудани он ҳангоми субҳ ва шаб амалӣ карда мешавад.   То имрӯз танҳо 3 рӯбоҳ нобуд шуд. Маҳви боқимондаи он аз рӯи нақша ҷараён дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.