Пурдаҳшаттарин ҳодисаи нохуши сӯхтор ҷони 4 нафар аъзои як оиларо аз шаҳри Панҷакет ба коми худ бурд. Ин ҳодисаи нохуш дар деҳаи Баҳор шаби 2-юм ба 3-юми июл рух додааст. Фавти аъзои як оила ҳангоми сӯхтор дар вилояти Суғд дуюмин ҳодисае мебошад, ки масъулини Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба қайд гирифтааст. Дар ҳар ду ҳолат 4 нафарӣ аъзои як оила бадбахтона фавтиданд.