«Сухани дил кадом аст?»

Офтоби меҳрубонӣ сабт шуд. Маълум шуд, ки на ҳар кас ширинсухан шуда метавонистааст. Дар барнома хислати мӯлтонии баъзе одамон низ мавриди таҳлил қарор гирифт. Ин нуқта аз ҷониби омӯзгори гимназияи рақами 4 бисёр мӯъҷаз баён гардид. Дар барнома фикрҳо бо панду андарзҳои бузургон тақвият дода шуд. Коршиноси барнома, корманди шоистаи Тоҷикистон, аълочии маорифи ҶТ Даврон Темуров пешниҳод намуд, ки ҳангоми баёни андеша иштирокдорон мавзӯъро яктарафа шарҳ надиханд. Зеро дар ҷамъият одамони дағалу бадсухан кам нестанд. Новобаста аз ин шахсияти қаҳрамони наворро натанҳо коршинос, балки ҳамаи меҳмонони барнома ҷонибдорӣ намуда, тасдиқ карданд, ки воқеан ҳам дуруст ва мувофиқи мақсад интихоб шудааст.

Хушзабон шудан, қабл аз ҳама самимиятро мехоҳад. Инро аудиторияи ҷавони барнома бисёр равшан шарҳ доданд. Хулоса, ҳама дар анҷоми барнома бо як овоз тасдиқ намуданд, ки сухани дил, «ҷон» аст. Ва қулфкушои ҳамаи мушкилоти муносибатҳои одамист.
Барнормаро пурра тамошо кунед, саропо тарбия аст.

Шакли пурраи барномаи «Офтоби мехрубонӣ»
Сухани дил кадом аст?

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.