Суғд: Мусобиқаи бузкашӣ, пойгаҳи равон ва чавгон доир мегардад

Рӯзи 24-уми март ба муносибати ҷашни Наврӯз дар ипподроми Бобоҷон Ғафуров мусобиқаи кушоди вилоятии бузкашӣ, пойгаҳи равон ва чавгон доир мегардад. Гуфта мешавад, ки беш аз 100 сар аспҳои хушзот аз тамоми шаҳру ноҳияҳои шимолии Тоҷикистон дар бозии пойгаҳи равон дар 8 давра иштирок мекунад. Давронхон Алиев, роҳбари хоҷагии аспарвари «Гулбаҳор» дар сӯҳбат ба СМ-1 гуфт, ки солҳои қабли дар ин мусобиқа дӯстдорони асп аз қаламрави Тоҷикистон ва то ҳатто аз Қирғизистон ҳам иштирок менамуданд. Баъди бозии пойгаҳи равон мусобиқаи бузкашӣ ва чавгон доир хоҳад шуд. Солҳои қаблӣ дар ин намуди бозиҳо човандозон барои дарёти Ҷоми раиси вилояти Суғд талош мекарданд. Дар ҳамин ҳол аз Мактаби чавгони шаҳри Хуҷанд гуфтанд, ки беш аз 20 нафар аспсаворони ин мактаб низ дар мусобиқа иштирок мекунанд. Санаи 31-уми март дар ипподроми «Наврӯзгоҳ»-и Душанбе мусобиқаи кушоди байналхалқӣ оид ба пойгаҳи равон доир мегардад. Дӯстдорони асп мегӯянд, эҳтимол дар имсола мусобиқа аспҳо бо саворашон аз Ӯзбекистону Қирғизистон ва Қазоқистон ҳам иштирок кунад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.