Стансияи ёрии таъҷилӣ дар Хуҷанд то куҷо ба наҷоти одамон омода аст?

Стансияи ёрии таъҷилии шаҳри Хуҷанд бо харҷи 200 ҳазор сомонии маблағи буҷавӣ рӯи таъмирро дид. Ин стансия се сол пеш ба қисме аз бинои беморхонаи рақами 2-и шаҳри Хуҷанд, воқеъ дар маҳаллаи Бофанда кӯчонида шуда буд. Духтурони Стансияи ёрии таъҷилӣ мегӯянд, ки дар як шабонарӯз ба онҳо тақрибан 100 занги телефонӣ мешавад. Аксари наҷотхоҳон пирону кӯдакон буда онҳо бо иллати бемории фишорбаландӣ ва табъи баланди бадан ба кӯмаки ёрии аввалини тиббӣ мӯҳтоҷ мешудаанд. Дар ҳамин ҳол сартабиби стансия Галина Умарова гуфт, ки дар шароити феълӣ нақлиёти ёрии таъҷилӣ ба шумораи аҳолӣ басандаги намегуфнад. «Мутобиқи меъёр ба 10 ҳазор аҳолӣ бояд як нақлиёти ёрии таъҷилӣ хизматрасонӣ кунад. Дар Хуҷанд 174 ҳазор аҳолӣ мавҷуд аст ва ба онҳо танҳо 11 нақлиёт хизмат мерасонад, ки 6 адад кам аст.»

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.