Соҳибдилон бо Самад Болтуев. Қисми 1.


Профессори ДДБҲСТ Самад Шарифович Болтуевро, ки бештар чун устоди ботаҷрибаи илми ҳуқуқ мешиносем, ин навбат дар барнома аз масоили ахлоқиву тарбиявӣ сӯҳбат кардем. Сабаби сӯҳбати мо бардошт аз барномаҳои пешини Рӯ ба Рӯ ва Печутоби замон аст, ки дар он масоили ихтилофи наслҳо баррасӣ шуда буд. Ман эҳсос мекардам, ки устод Самад Болтуев доир ба ин масъала андешаҳои дигар доранд. Ростӣ гоҳо аз масъалагузориҳояшон андеша мекардам ва мегуфтам, ки ин андешаи устод асту бас, аммо вақте ба умқи масъалаҳо фурӯ рафтам, эҳсос намудам, ки ихтилофи наслҳо сабабу омилҳои дигар дорад. Бояд насли калонсол муносибати худро ба худи ҳамин мафҳум тағир диҳад. Чӣ гуна? Ин нукта дар барнома баррасӣ шуд. Бинобар васеъ будани масъала саволҳоро дар ду қисм матраҳ намудем.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.