Соҳибкоре дар Хуҷанд бо харҷи 1,5 млн сомонӣ «Планетарий» месозад

Соҳибкоре бо ном Аминҷон Ҷӯраев бар ивази «Планетарий» дар маҳаллаи 32-и Хуҷанд бинои нави Планетарийро ба маблағи беш аз 1,5 миллион сомонӣ бунёд мекунад. Ин соҳибкор имрӯз дар сӯҳбат бо СМ-1 гуфт, ки тасмим дорад бинои «Планетарий»-ро то ҷашни Наврӯзи-2018 пурра сохта ба истифода диҳад. Ба ҷойи «Планетарий», ки дар наздикии бозори Панҷшанбе ва масҷиди Шайх Муслиҳиддин қарор дошт 6 нафар соҳибкор таваққуфгоҳ барои 1000 нақлиёт ва бинои 12 ошёна месозанд. Имрӯз 23 май лоиҳаи асосии бинои «Планетарий» ба дасти мо расид, ки он дар масоҳати 466 метри квадратӣ бо гумбази 11 метра иборат аз як ошёна сохта мешавад. Мувофиқи як лоиҳаи ангории ҶДММ «Суғдшаҳрофар» дар маҳаллаи 32-уми Хуҷанд Боғи фарҳангии Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ бунёд мешавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.