Шоирон ба эҷоди шеър дар васфи Дилшод Назаров пардохтанд

Даҳҳо шоирони тоҷик дар васфи гурзандози маъруфи Тоҷикистон Дилшод Назаров, ки барандаи медали тиллои олимпии Рио шуд шеърҳои махсус навишта истодаанд. Матни шеъри шоиру нависандагон ифтихор аз варзишгари тоҷик Дилшод Назаров мебошад, ки Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кард. Зеро дар даврони соҳибистиқлолӣ Дилшод ягона варзишгари тоҷик маҳсуб мешавад, ки дар бозиҳои олимпии Рио-де-Женейро соҳиби медали тилло шуд. Тайи чанд рӯзи охир гурӯҳе ҳам аз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дархост кардаанд, то ба Дилшод Назаров Қаҳрамони Тоҷикистон дода шавад. Ҳоло ҷонибдорони ин иқдом то ҳатто барои ҷамъовари имзо пардохтаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.