Шаҳрдори Хуҷанд собиқадорону мураббиёни варзишро қадрдонӣ кард

Шаҳрдори Хуҷанд 15 нафар собиқадорон ва мураббиёни соҳаи варзишро, ки соли ҷорӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил шуданд бо сипосномаву тӯҳфаҳои хотиравӣ қадр кард. Маъруф Муҳаммазода, раиси шаҳри Хуҷанд санаи 10 август дар рӯзи варзишгарон бо варзишгарони ин шаҳр мулоқот орост. Ӯ гуфт, ки дар шаш моҳи соли равон варзишгарони Хуҷанд аз мусобиқаҳо беш аз 1300 медал ба даст оварданд, ки 381 адади он медали тилло мебошад. Бино ба таъкиди раиси шаҳр шумораи варзишгарон ва ҳам гирандагони медал дар ин давра афзудааст. Дар шаҳри Хуҷанд беш аз 100 иншооти варзишӣ амал мекунад, ки дар он 5 ҳазор нафар ба тамрин машғуланд. Ба варзишгарон зиёа аз 120 нафар мураббиён аз рӯи 28 намуди варзиш тамрин медиҳанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.