Худкуши дар вилоят зиёд мегардад

Худкушӣ ва сӯиқасд ба он давоми шаш моҳи соли ҷорӣ нисбати нимсолаи соли 2009 дар вилояти Суғд 22,2 % зиёд гашт. Агар нимсолаи соли гузашта 144 ҳолат ба кайд гирифта бошад, пас дар нимсолаи якуми соли 2010 он ба 176 ҳолат расидааст.

Бино бар маълумоти Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд дар шаш моҳи соли 2010 дар ҳудуди вилоят 106 ҳолати худкушӣ ва 70 ҳолати сӯиқасд ба он ба қайд гирифта шудааст. Ба ин амали нангин 84 нафар мард, 67 нафар зан ва 25 нафар ноболиғ даст задааст. Содиршавии ин ҳодиса бештар дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, 23 ҳолат, Бобоҷон Fафуров 38 ҳолат ба қайд гирифта шудааст. Дар дигар шаҳру ноҳияҳо низ ҳодисаи худкушӣ ва сӯиқасд ба он ба қайд гирифта шудааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.