Сафари ҳоҷиёни вилояти Суғд оғоз мегардад

Хуҷанд, «СМ-1» /Ислом Раҳимов/. Санаи 27-уми октябр аввалин рейси тайёра бо ҳоҷиёни вилояти Суғд ба сафари ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ ва фурудгоҳи Хуҷанд оғоз мегардад- баён дошт мудири Шӯъба оид ба корҳои дини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Мавҷуда Мирпочоева.

Гусели ҳоҷиён то санаи 4-уми ноябр идома мекунад. Имсол аз вилояти Суғд 1461 нафар расман сафари муқаддасро ба ҷо меоранд.Синну соли ҳаҷравандагон аз 18 то 80-сола аст.

Бо назардошти вазъи саломатӣ ва бо пешниҳоди духтурон ба 13 нафар ҳаҷкунандагони аз 80-сола боло низ иҷозат дода шудааст, ки ба сафари ҳаҷи имсола раванд,- шарҳ дода гуфт Мавҷуда Мирпочоева.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.