Рӯзгори занони низомипӯш барои ҷавонон дарси ибрат аст.

Ток шоуи Печутоби замон бо иштироки заноне, ки зиндагии худро бо ҳаёти низомӣ пайвастанд, таҳия шуд. Дар барномаи идона бахшида ба иди Артиши Миллӣ кормандон-занони қисми ҳарбии 3501, ситоди ҳолатҳои фавқуллодаи вилоят, хадамоти оташнишонӣ ва комиссариати ҳарбии вилояти Суғд иштирок намуданд. Ҳар нафар дар барнома саҳифаҳои зиндагии худро боз кард. Аз роҳи зиндагӣ ва кору фаъолияташ нақл намуд. Зани низомӣ. На ба ҳар зан муяссар мешавад, ки дар баробари мардон паҳлӯ ба паҳлӯ истода, хизмати модар — ватанро адо намояд. Дар тинҷиву осудагии ҷомеа хидматгузор бошад. Занҳое, ки дар барномаи Печутоби замон иштирок карданд, исбот намуданд, ки зан аз ӯҳдаи ҳама касбу кор мебарояд. Дар баробари он ки  зан-модар- тарбиятгар аст, бонуи точик имрӯз афсар, капитан, майёр, полковник мебошад. Интихоби касб барои бештари онҳое, ки иштирокчии барномаи идонаи Печутоби замон буданд, тасодуфӣ аст. Зани низомипӯш шудан ин пеш аз ҳама масъулият аст, мегӯянд онҳо. Дар баробари хизмати ватан, занони низомипӯш масъулияти оиладорӣ ва пеш бурдани рӯзгори намунавиро доранд. Масалан Шаҳзода Бутаева дар бахши робита бо ҷомеаи ситоди ҳолатҳои фавқуллода кор мекунад. Аслан ихтисосаш равоншинос аст. Як вохӯрӣ бо наҷотдиҳандагон боис шуду меҳри ин касб дар дилаш ҷой гирифт. Дигар пӯшидани либоси низомӣ барояш аз орзу ба мақсад табдил ёфт. Аввалҳо барои мақсади пешагирифтааш монеаҳо меистод. Пеш аз ҳама бобояш изҳори норозигӣ мекард, ки наберааш касби мардонаро интихоб кардааст. Модараш ҳам чандон хушнуд набуд. Аммо бо мурури вақт Шаҳзода исбот кард, ки ба касбаш содиқ асту обрӯву эътибори аҳли оилаашро нигоҳ медорад. Ҳатто шабҳо бо садои бонги хатар ё дар ҳолати омодабош, як модари азизашро бӯса карда, модарҷон, духтаратон барои тинҷу ором хоб кардани шумо ба ватан хизмат мекунад, гӯён ба кор меравад. Чунин аст, рӯзгори занони низомипӯш. Бобояш низ вақте Шаҳзода Бутаеваро тариқи телевизион бори аввал дид, дар чойхона ҳамроҳи дӯстонаш менишаст. Зимистон буд.  Шаҳзода аз вазъи шоҳроҳи Душанбе- Хуҷанд — Чаноқ ва ағбаи Шаҳристону Анзоб дар барномаи иттилоотии Хабари Симои Мустақили якум гузориш медод. Вақте дӯстон як духтараки зебою нозукандом, ки либоси низомӣ ба бар намудаву хеле ба худаш зебидааст ва аз вазъи роҳи ҳаётан муҳим, ба мардум иттилоъ медиҳад диданд, ба бобо гуфтанд, ки ин духтари туст? Бобо дар ҷавоб бо ифтихор гуфт, ки ин набераи ман. Бо ҳамин бобо наберааш Шаҳзодаро дуо кард, ки ҳамеша дар паноҳи офаридгор бошаду барои пешрафти кишвараш хизмат кунад. Ин танҳо  порча аз рӯзгори як зани низомипӯш аст. Дигар нақлу саргузаштҳои аҷоиби занони низомипӯшро баъди тамошои пурраи барнома мефаҳмед.  

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.