Кандакор - Нусратулло Сайдалиев
Кандакор — Нусратулло Сайдалиев

Кандакорӣ аз ҳунари қадимаи Шарқ аст, ки дар Тоҷикистон зиёд рушд кардааст. Кандакорӣ усули коркарди бадеии чӯб, санг, устухон, гил ва гаҷ буда, аз маъмултарин намуди санъати миллии тоҷикон маҳсуб меёбад. Кандакорӣ таърихи ҳазорсола дошта, то имрӯз боқи мондааст. Мардуми тоҷик бо ин ҳунари аҷдодии худ шуҳрати ҷаҳонӣ касб кардаанд.

Кандакор — Нусратулло Сайдалиев

Аслан ҳунармандони кандакор дар ҳама манотиқи Тоҷикистон ҳастанд ва шурӯъ аз сохтани гаҳвораву асбоби рӯзгор то бунёди манзилҳо аз ҳунари кандакории худ ба таври густарда кор мебаранд. Зафаробод яке аз ноҳияҳои вилояти Суғд буда, мардуми он бештар ба кишоварзӣ машғул мешаванд. Аммо ҳастанд нафароне, ки бо касбу кори гуногун шуғл варзида зиндагиашонро пеш маебаранд. Нусратулло Сайдалиев аз зумраи нафаронест, ки бо ҳунари кандакорӣ байни мардуми ноҳия мавқеи худро пайдо кардааст. Ӯ дар сӯҳбат ба мо гуфт: “Нафаре, ки касбу ҳунар дорад дар зидаги хор намешавад”:

Кандакор — Нусратулло Сайдалиев

Кандакории чӯб. Меъморон ва наҷҷорони тоҷик аслан чӯб (бештар арча, тут, чормағз, зардолу, чанорро) ба кор бурда, аз он ҳар гуна ашёи рӯзгор (табақу коса, чумча, кафлес, сандуқ, бордон ва ғайра), қисмҳои биноҳои фарҳангиву маъмуриву ҷамъиятӣ, қолабҳои гуногуни махсуси гулпартоии матоъҳо ва ғайра месохтанд.

Шамшод МИРЗОЕВ, Зафаробод

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.