Рӯзи қабули Сарқонуни (Конститутсияи) Тоҷикистон муборак!

Санаи 6-уми ноябр мардуми тоҷик рӯзи қабули Сарқонуни кишварро қайд мекунанд. Сарқонунро бахтномаи миллат ҳам мегӯянд. Ин ҳуҷҷати муҳим соли 1994 бо раъйпурсии умумихалқӣ қабул гаштааст.

Соли 1999 санаи 26 сентябр ва соли 2003 санаи 22 июн бо гузаронидани раъйпурсии умумихалқӣ ба он тағироту иловаҳо ворид карда шудааст.

Ба муносибати рӯзи қабули Сарқонуни кишвар дар мактабҳои олӣ, дар муассисаҳои таълимӣ чорабиниҳои тантанавӣ гузаронида шуданд. Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар шаҳрҳои саноатии вилоят ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бо нархҳои арзон ташкил карда мешавад. То ин ки мардум тавонанд, ки маҳсулоти лозимаро барои зимистонгузаронӣ захира кунанд. Роҳбарият ва ҳайати эҷодиву техники телевизиони Симои мустақили якум тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон, онҳоеро ки берун аз кишвар ва дар Ватан барои рушди диёри аҷдодӣ фаъолият мебаранд, бо ин ид табрику муборакбод мегӯянд. Ба ҳамаи онҳо саодати рӯзгор, зиндагии пурсаодат ва саломатии бардавом таманно мекунад. Рӯзи қабули Сарқонуни Тоҷикистон бар Шумо муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Бо эҳтиром: роҳбарият ва ҳайати эҷодиву техникии ШТР СМ-1.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.