Осори Камолиддин Беҳзод асоси дарси тарбиявӣ гашт

Хуҷанд, «СМ-1» /Муаззама Ҳусейнова/. Дар факултаи молия ва қарзи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (ДДҲБСТ) ҳафтаи забони русӣ идома дорад.

Дар доираи ин ҳафта, ки гузаронидани он дар факулта ба ҳукми анъана даромадааст, дарси тарбиявӣ дар мавзӯи «Маданият ва санъати тоҷик» гузаронида шуд.

Дар ин дарс дар баробари рассомони машҳури аврупоӣ ба донишҷӯён дар бораи осор ва эҷодиёти рассоми асримиёнагии тоҷик Камолиддини Беҳзод маълумот дода шуд. То кунун расмҳои кашидаи ин наққоши асри 15-и тоҷик дар китобхонаҳо ва осорхонаҳои кишварҳои гуногун нигаҳдорӣ мегардад. Дарси номбурдаро муаллимаи донишгоҳ Зӯҳро Абдуваҳҳобова ташкил намуд.

Дар рафти дарс донишҷӯён дар мавзӯи тамаддун ва фарҳанги тоҷик баромад карданд. Дар он инчунин намунаҳои мусиқии миллӣ ба донишҷӯён шунавонида шуд. Ин дарс ба гуфти омӯзгорон барои баланд бардоштани ҳисси худшиносии донишҷӯён мусоидат мекунад. Зӯҳро Абдуваҳҳобова мегӯяд, ки ҳадафи асосӣ аз гузаронидани ин дарс дар донишҷӯён бедор намудани ҳисси худшиносии миллӣ аст. Ин чорабинӣ яке аз чорабиниҳои бахшида ба ҳафтаи забони русӣ буд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.