Ороиши арчаи солинавӣ бо усули миллӣ

Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, «СМ-1», /Назокат Иброҳимова/. Дар арафаи соли нав дар дӯкони зардӯзии Нурихон Ибодуллоева машғулияти нав пайдо шуд. Ӯ бо шогирдон ва наберагонаш барои оро додани арчаи солинавӣ бозичаҳо медӯзад.

Ин корро Нурихон Ибодуллоева барои хурсандии наберагонаш ба ҷо меорад. Бозичаҳои солинавӣ бо усули зардӯзӣ ва бо иловаи ороишоти замонавӣ сохта мешавад.

Дар баробари ин Нурихон Ибодуллоева аз усули қадимаи лӯхтаксозии тоҷикона истифода карда, лӯхтакхои замонавии чашму абрӯдорро ҳам месозад. Дар гузашта лӯхтакхои миллӣ чашму абрӯ надоштанд. Дар шаби соли нав бошад, бо набераҳояш Нури-хола мехоҳад, ки шаби тӯйи арӯсии лӯхтакҳоро ҳам ҷашн гиранд. Аслан, Нурихон Ибодуллоева аз 8-солагияш ба зардӯзӣ оғоз кард. 35-сол ин ҷониб аз ҳамин касб ризқу рӯзӣ пайдо мекунад. Набераҳо ва келинҳояш ҳам зардӯзӣ мекунанд. Дар ҳаёти худ ӯ чанд шогирдро ҳам ба воя расонидааст, ки соҳиби касб шудаанд.

Агар кас ҳунар дошта бошад, ҳаргиз зиқ намешавад мегӯяд ӯ. Дар хонаводаи Нурихон Ибодуллоева ба ороиши арчаи солинавӣ шурӯъ карданд. Наберагонаш зуд арчаро бо бозичаҳои сохтаашон ороиш доданд. Дар фарқи арча ба ҷои ситора тоқичаи зардӯзиро гузоштанд, ки ин ҳам як навигарӣ аст. «Тоқиро давлат мегӯянд ва он бояд, ки дар боло бошад», — мегӯяд Нурихон Ибодуллоева. Дигар бозичаҳои тайёрро Нури-хола мехоҳад, ки ба ҳамсоягонаш, ки дар деҳаи Унҷӣ ҳастанд, тақдим кунад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.