Ормон: Осиё аз бемории нуқсони дил шифо ёфт!

Бо кӯмакпулии мардуми саховатпешаи диёр дар чаҳорчӯбаи барномаи хайриявии «Ормон» боз як кӯдак аз бемории модарзодии худ раҳо ёфт. Духтарчаи 5 сола Осиё Бобоён санаи 18 июни соли 2020 дар Маркази ҷаррохии дилу шараёни вилоят Сугд бомуваффақият ҷарроҳӣ гашт. Волидайни кӯдак ба шифокорон ва тамоми мардуми эҳсонкори диёр барои дастгириву кӯмакпулӣ дуруд ва сипос мегӯянд.

Саломатии фарзанд, барои ҳар як волидайн хушбахтӣ ва неъмати бебаҳост. Хушнудем, ки тавассути барномаи хайриявии Ормон боз як кудаки маъсум шифо ёфта, ормони боз як оила амалӣ гашт. Барномаи Ормон пайгирандаи корҳои неку савоб аст. Чун хамешагӣ ба рақами кӯтоҳи 1519 занг занед ва пайгири барномаи Ормон бошед!

Навори зер, аз ҳолати пешина ва минбаъдаи кӯдак дарак медиҳад:

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.