Меҳмони навбатии барномаи Офтобборон ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Афзалшоҳ Шодиев буд. Дар вақти сӯҳбат хотироти хешро, ки бо шоири зиндаёд иртибот дорад варақгардон кард. Оид ба хислатҳои ғайриоддии Лоиқ Шералӣ ёдовар гашта, таъкид кард, ки дар тинати шодравон хислатҳои ҳамидаи инсонӣ муҷассам буд. Афзалшоҳ Шодиев гуфт, ки ман барои Лоиқ ҳам писар ронанда ва ҳамроҳи доимӣ будам. Имрӯз хушҳол аз он аст, ки номи Лоиқ дар кишвар зинда мебошад. Афазлшоҳ бунёди муҷассамаи Лоиқ дар шаҳри Панҷакент ва шаҳри Душанбе ёдовар шуд. Ӯ тасмим гирифтааст лаҳзаҳои умри Лоиқро ки бо чашм дидааст китоб кунад. Дар рафти барнома сурурдҳои хушоҳангеро манзур намуд.