Имруз ҳар нафаре ки ба муассисаҳои тандурустии вилоят муроҷиат кард, ройгон аз ташхису таҳлил гузаштанд ва ҳатто роҳҳати духтурон ройгон буд. Ин амал дар тамоми беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба роҳ монда шуд. Санаи 07-уми апрел рузи умумиҷаҳонии тандурустӣ аст. Танҳо дар маркази саломатии рақами 5, то нисфирӯзӣ беш аз 200 нафар сокинон муроҷиат карданду ройгон аз муоинаи духтур гузашта, ташхис ва таҳлили хун супориданд.