Санаи 16-уми апрели соли 1998 Ширкати телевизиони Симои мустақили якум аввалин маротиба рӯи мавҷи детсиметрӣ, дар шабакаи басомади 22 ба эфир баромада буд. Аз ин сана то ба имрӯз 22 сол пур шуд. Имрӯз СМ-1 парвардаи замони истиқлол буда, бо барномаҳои ҷолиб бинандаи худро пайдо кардааст ва дар пуррасозии фазои иттилоотии маркази вилоят ва шаҳру навоҳии он хидматгузор аст.