Ташхиси коронавирус дар вилояти Суғд ройгон аст. Он дар таҳлилгоҳи вирусологии шаҳри Хуҷанд гузаронида мешавад. Муроҷиаткунанда на ба мутахассисони таҳлилгоҳ, балки ба маркази саломатии минтақаи худ бояд муроҷиат намояд. Рафти гузаштани натиҷаи ташхис ва таҳлили он чӣ гуна сурат мегирад, гузориши нахустини барнома посух мегӯяд.