Шаби гузашта дар нуқтаи сӯзишвории ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ таркиш ба амал омад. Масъулини РХДО сабаби пешакии онро ба пайдо шудани шарора ҳангоми интиқоли сӯзишвории бензин медонанд. Дар натиҷаи он беш аз 2 тонна сузишвории бензин ва гази моеъ сӯхта нобуд шудааст. Дар паи ҳодисаи нохуш 5 нафар сокинон зарари ҷисмонӣ гирифтанд, ки 1 нафари онҳо сокини шаҳри Хуҷанд мебошад. Ин гуруҳ осеби сӯхта дидаанд. Бештар дасту пояшон сӯхтааст. Аз руи маълумотҳои пешакии духтурон осебдидагон ба ҷарроҳӣ ниёз надоранд. Се нафари онҳоро духтурон вазъи саломатияшон вазнини миёна арзёбӣ мекунанд. Шоҳидони ҳодиса чӣ мегӯянд ва таркишро чӣ гуна шарҳ медиҳанд? Гузориши Мафтуна Шукурова ва Наимҷон Аюбов аз ҷойи ҳодиса омода шудааст. Таваҷҷӯҳ намоед.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.