Дар соҳаи тандурустии шаҳри Хуҷанд норасоии кадрҳо ба миён омадааст. Аз рӯи таҳлили мутахассисон имрӯз беморхонаҳо ба эпидемиолог ва духтурони оилавӣ ниёз доранд. Ин мушкилот ҳангоми гузаронидани Иҷлосияи вакилони халқи шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.