Барои бехато навиштан бо забони тоҷикӣ дар ҳуҷатгузорӣ, модули “TajSpell”- тафтиши имлои забони тоҷикӣ коркард шуд. Ин барномаи компютерӣ ройгон дар интернет ҷойгир карда мешавад. “TajSpell”- барнома барои истифодабаранда имкони бе ғалат ба забони тоҷикӣ навиштанро фароҳам меорад. Яъне дар вақти ҳуруфчинӣ ва ворид намудани матн калимаи ғалат бо хати сурх ишора карда мешавад.