Санаи 4-уми декабр тақрибан 20 нафар сокинони вилоят аз истеъмоли гушти мурғ заҳролуд шуданд. Ин ҳодиса фавран таҳти назорат гирифта шуда, мутахассисони Раёсати тандурустӣ ва Маркази НДСЭ вилояти Суғд  таркиби гӯшти мурғи пухташудаи Грилро таҳлил намуданд. Дар натиҷа як намуди микроорганизми шартан касалиовар дарёфт карда шуд. Маҳз ин микроорганизм боиси заҳролудшавии тақрибан 20 нафар сокинони вилояти Суғд гардидааст. Хушбахтона бар асари ин ҳодиса талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Оиди ин масъала Прократураи шаҳри Хуҷанд вокунишро нашр намуд. Шарҳи пурраи ҳодисаи мазкур аз гузориши аввалини барнома манзури Шумо мегардад.   

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.