Сӯхторе ки дар микроноҳияи 20-уми шаҳри Хуҷанд сар зад, дар бинои рақами 10-а сурат гирифт. Дар натиҷаи он 8 ҳуҷраи ошёнаи 6-ум сухта зарар дид. Нозирони ХДО дар шаҳри Хуҷанд хабар медиҳанд, ки алангаи сухторро 13 адад нақлиёти махсуси оташнишонӣ хомуш карданд. Хушбахтона бар асари он талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Аммо ҳодисаҳои сӯхтор дар шаҳри Хуҷанд дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта зиёд шудааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.