Дар вилояти Суғд 502 адад ҷиноятҳои характери терористиву экстремистӣ ошкор ва ба қайд гирифта шудааст. Занон низ дар ин ҷиноят даст доранд. Дар ин бора субҳи санаи 27-уми август прокурори вилояти Суғд Фурқат Хоҷазода ҳангоми баргузории Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят иттилоъ дод. Вай гуфт зани точик ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ аз ҷониби шахсони наздикашон ба ин гурӯҳҳои тундгаро ва мамнӯъ шомил гардидаанд.