Дар вилояти Суғд 3 дидбонгоҳе мавҷуд мебошад, ки он ифлосшавии ҳаворо муйаян ва таҳлил менамояд. Дидбонгоҳҳои мазкур дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанду Гулистон ва Спитамен мавҷуд мебошад, ки тариқи он мутахассисон аз вазъи ифлосии обу ҳаво огоҳ мешаванд. Ҳамчунин 8 таҳҷизоти сенсерӣ аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии “Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф” насб карда шуд, ки он дар ҳар панҷ дақиқа аз вазъи ҳаво хабар медиҳад.