Дар вилояти Суғд ҳарорати ҳаво то санаи 5-уми июл тамоюли баландшавӣ дорад. Таҳлили мутахассисони маркази обуҳавосанҷии вилояти Суғд муйаян намудааст, ки ин ҳолат эҳтимолияти аз меъёри муқарраӣ баланд шудани ҳарорати ҳаворо бозгӯ хоҳад кард. Абдувалӣ Ҳомидов  сардори ин марказ тариқи телефон ба хабарнигорон иброз намуд, ки ҳарорати гармии ҳаво дар вилояти Суғд то  44 дараҷаро ташкил медиҳад. Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода вобаста ба ин ҳолат сокинонро даъват мекунанд, ки аз соати 11 то 16 безарурат ба кӯча набароянд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.