СУҒД: ДАР ЯК РУЗ 100 КАС БА ШӮЪБАИ ШУШУ БОДИГАРМ МУРОҶИАТ МЕКУНАНД. САБАБ-ИФЛОСИИ АТМОСФЕРА

Дар вилояти Суғд наздик як ҳафта мешавад, ки аз ҳисоби чангу ғубор ифлосшавии атмосфера ба мушоҳида мерасад. Ин ҳолат боиси муроҷиати бисёри беморон ба шӯъбаи шушу бодигарми Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд гардидааст. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки аз санаи 05-уми ноябр то имруз дар як руз беш аз 100 нафар бо иллати душворшавии нафасгирӣ ва хориши чашму гулӯву бинӣ ба духтурони ин шуъба муроҷиат менамоянд. Сабаби асосии ин холат ғафсии таркиби  ифлосӣ дар ҳаво аст. Дар ҳамин ҳол аз маркази обуҳавошиносии вилоят иттилоъ доданд, ки ифлосшавии ҳаво то санаи 14-уми ноябр идома мекунад. Бинобар ин беморони диққи нафас ва бодигармро зарур аст, ки беҳуда ба кӯча набароянд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.