СУҒД: ДАР 31 РӮЗИ МОҲИ МАЙ 45 ҲОДИСАИ СӮХТОР САР ЗАД

Дар вилояти Суғд давоми 31-рузи моҳи май   45 ҳодисаи нохуши сӯхтор сар задааст, ки ин ҳолат нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  19 ҳолат зиёд мебошад. Хисороти сӯхторҳои як моҳи гузашта  5 миллиону 976 ҳазору 311 сомониро ташкил медиҳад.  Ин омори расмӣ аст.  Ҳангоми сар задани сӯхтор аз ҷониби оташнишонон ба маблағи  беш аз 4 миллиону 810 ҳазор сомонӣ  молу амволи сокинон эмин нигоҳ дошта шудааст. Сӯхторнишонон сокинони кишоварзро огоҳ месозанд, ки ҳангоми ғунучини ҳосили баҳории ғалладонагӣ аз ҳодисаҳои сӯхтор эҳтиёт бошанд. 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.