Хурсанд Иброҳимоваи 34-сола баъди 73-рӯзи муолиҷаву табобат дар Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд фавтид. Духтурон натавонистанд дигар ба дарди ӯ шифо бахшанд. Вай кӯдаки чорумашро санаи 31-уми май тариқи амалиёти қайсарӣ дар беморхонаи ноҳияи Зафаробод ба дунё овард. Буриши қайсарии нобарор боиси чор маротибаи дигар ҷарроҳӣ шудани ӯ гардид. Дар вилояти Суғд давоми шаш моҳ 2 ҳазору 497 таваллуд тариқи буриши қайсарӣ ба қайд гирифта шудааст. Аммо тақдири Хурсанди 34-сола чӣ шуд? Гузориши навбатии барнома муфассал дар ин хусус нақл мекунад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.